2 Июл 2025 - 13:35
Source: Parstoday
Ахбор| Аъзои НАТО 21 миллиард доллар силоҳ аз Амрико хариданд: Қатрачаконӣ шудани омори хисороти Исроил аз ҳамалоти Эрон

Намояндаи доими Амрико дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) эълом кард, ки аъзои ин созмон дар соли гузаштаи мелодӣ 21 миллиард доллар таслеҳоти низомӣ аз Вашингтон харидорӣ кардаанд.

Маттеу Виткор, намояндаи доими Амрико дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) рӯзи душанбе дар баёнияе, ки тавассути сервиси матбуотии Вазорати умури хориҷаи Амрико мунташир шуд, бо ишора ба инки аъзои ин созмон дар соли гузаштаи мелодӣ 21 миллиард доллар таслеҳоти низомӣ аз Вашингтон харидорӣ кардаанд, афзуд: Сарони ин эътилофи низомӣ тавофуқ карданд, ки ҳазинаҳои дифоиро ба 5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ афзоиш диҳанд.

Ба гузориши Порс-Тудей, раҳбарони НАТО ҳафтаи гузашта дар баёнияи поёнии нишасти худ дар Ҳоланд гуфтанд: Кишварҳои НАТО мутааҳҳид мешаванд то соли 2035 солона панҷ дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии худро сарфи илзомоти аслии дифоӣ ва ҳамчунин ҳазинаҳои марбут ба дифоъ ва амният кунанд то тааҳҳудоти фардиву ҷамъии худро тазмин кунанд.

Вокуниши мақомоти эронӣ ба таҳдидҳои Трамп ва саҳюнистҳо алайҳи Раҳбари инқилоб

Таҳдидҳои Трамп ва саҳюнистҳо алайҳи Раҳбари инқилоб дар рӯзҳои ахир бо вокуниш бисёре аз мақомоти сиёсиву низомии Эрон ҳамроҳ шуд. Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин бора гуфт: Агар Трамп хоҳони тавофуқ аст, бояд лаҳни ғайримуҳтарамонаву ғайриқобили қабули худро нисбат ба мақоми раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ канор бигузораду қалби миллионҳо нафар пайравони ростини эшонро ҷариҳадор накунад.

Сардор Нақдӣ, муовини ҳамоҳангкунандаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ дар посух ба таҳдидҳои ахири раисиҷумҳури Амрико алайҳи Эрону Раҳбари инқилоб баён кард: Агар кучактарин тааррузе ба ҳар як аз мароҷеи ташайюъ кунед, чӣ муваффақ бошад ва чӣ номуваффақ, як коргузори амрикоӣ аз ин минтақа зинда берун нахоҳад рафт.

Иттилооти қатрачаконии саҳюнистҳо аз хисороти ҳамалоти Эрон

Расонаҳои ибрӣ ва манобеи иқтисодии режими саҳюнистӣ, ки ба ироаи иттилооти қатрачаконӣ аз мизони хисороти воридшуда ба ин режим дар натиҷаи ҳамалоти мушакии Эрон идома медиҳанд, фош карданд, ки абъоди ин хисорот ба мурур ошкор хоҳад шуд ва метавонад ба 20 миллиард доллар бирасад. Дар ин замина, гузоришҳои иқтисодии режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир нишон дод, ки ҷанги 12 рӯза бо Эрон барои иқтисоди Исроил ҳудуди 12 миллиард доллар зарари мустақим, шомили ҳазинаҳои низомӣ, хисороти ношӣ аз ҳамалоти мушакии Эрон, пардохти ғаромат ба машоғилу афрод ва ҳазинаҳои бозсозӣ доштааст.

Гирифтор шудани низомиёни исроилӣ дар камини неруҳои муқовимат

Гурдонҳои Қудси шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин аз зарбаи муҳлике хабар дод, ки муборизонаш ба низомиёни саҳюнист задаанд. Сароё Ал-Қудс, шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин имрӯз - сешанбе эълом кард, ки муборизонаш неруҳои пиёданизоми саҳюнистиро дар камине муҳкам дар шарқи шаҳри Хон Юнус, дар ҷануби Ғазза гирифтор кардаву шуморе аз онҳоро ба ҳалокат расонда ва бархеи дигарро захмӣ карданд.

Кушта шудани халабони F- 16-и украинӣ дар ҳамлаи Русия

Ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти ҳавоии шабонаи Русия дар чаҳорумин соли ҷанг, мақомоти украинӣ рӯзи сешанбе эълом карданд, ки як халабони ин кишвар кушта ва ҷангандаи F- 16-и ӯ ҳангоми дафъи ҳамлаи ҳавоии Русия, ки шомили садҳо паҳпод, мушаки круз ва боллистик буд, сарнагун шуд.

Мақомоти Украина рӯзи якшанбе низ эълом карда буданд, ки неруҳои рус шабона аз садҳо паҳпод, мушаки круз ва боллистик барои ҳамла ба ғарб, ҷануб ва маркази ин кишвар истифода кардааст. Дар ин ҳамла, ки манозилу зерсохтҳои ғайринизомӣ низ ҳадаф қарор гирифтаанд, дастикам 6 нафар ҷон бохтаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha